Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи миллали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем»130. Вагарна масоили баҳамоии фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар дар ҳар даврае аз давраҳои таърихӣ вуҷуд доштааст, аммо дар замони муосир бинобар такмилёбии технологияҳои рақамӣ масъалаи синтези фарҳангҳо васетар мушоҳида мешавад.
Ба ибораи дигар, тавассути васоити ахбори коммуникатсионӣ, яъне интернет ва шабакаҳои иртиботӣ чун инстаграм, твиттер, фейсбук, вайфай ва чандин васоити васлкунанда бо фарҳангҳо ошноӣ пайдо карда, ҳатто тарзи хӯришсозии миллатҳоро меомӯзем ва дар мавриди фарҳанги либоспӯшии дилхоҳ миллате тавассути васоити иртиботӣ маълумот пайдо мекунем, лекин некро аз бад ва муфидро аз зарар фақат инсон бо дарназардошти сатҳи ҷаҳонбинии хеш маълум мекунад ва дигарон ӯро дар ҳалли масъала роҳнамоӣ карда наметавонанд. Ихтиёр доштан дар умур низ ба ҳамин маъност, ки шумо бидуни дахолати ғайр маводро барои истеъмол (хоҳ маънавӣ бошад ва хоҳ моддӣ) интихоб мекунед ва агар зарур донед, ба дӯстон барои маслиҳат муроҷиат мекунед. Дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф аҳвол дигар аст ва интихоб низ дастаҷамъист, лекин пояи асосии

130 Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, Китоби 2, - Душанбе: Дониш, 1989, - с. 153.

пешина
аз 303
навбатӣ