Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ҳаёти маънавӣ ба якдигар андарз гуфтан маҳсуб мешавад, хосатан, ин насиҳатҳо дар шакли назм баён шаванд, боз беҳтар аст. Барои мисол Шакуриро меорем, ки аз мо даъват мекунад то интернети форсиро мутолиа кунем.
Дар назарияи муосирсозӣ ду ҷиҳат қобили ташхис аст: либеролизм ва консервативизм.
Тасаввури либеролии муосирсозӣ равиши мазкурро гузарише аз ҷомеаи суннатӣ ба мудерн, яъне навъи равиши “ғарбгироӣ” менигарист. Ба назари либеролҳо ҳамаи кишварҳо бар асоси мудели воҳид дар ҳоли тавсеа қарор доранд.
Вижагиҳои асосии равиши мудернсозиро либеролҳо чунин пиндоштаанд: иқтисоди бозор, навовариҳои иттилоотии ҷадид, падидаҳои иртиботии тавсеаёфта, таҳрики иҷтимоӣ, касратгароӣ, ақлоният ва озодӣ. Ғарбиён зимни баррасиҳои илмӣ баъзан як иштибоҳро такрор карда, ҳамаи дастоварҳои илмии башариро ба қитъаи Аврупо интиқол медиҳанд, гӯё ғайри онҳо дар дигар ҷомеаҳо рушди илм набудааст.
Академик А. Баҳоваддинов дар ин маврид нигоштааст: “Онҳо дар талошанд то тавсеаи кулли фарҳанги ҷаҳониро ба тавсеаи фарҳанги Аврупои Ғарбӣ нисбат диҳанд ва соири миллатҳоро канор бигзоранд”131. Он ҳангом Туркияи усмонӣ маркази муслимини дунё

131 Баховаддинов А. Очерки по истории таджикской философии, - Душанбе: 1961, - с. 22.

пешина
аз 303
навбатӣ