БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

пазируфта мешуд ва ҳанӯз интиқоли барҷомондагӣ аз ин кишвар бо ниқоби андешаҳои ҷавонтуркон мавсум ба ҷавонбухориён дар охири садаи нуздаҳум роҳандозӣ мешуд. Ин падидаро дар осор ва фаъолияти зеҳнии бархе аз мубаллиғини понисломизм чун Саид Ҷамолуддини Асадободӣ, Шайх Муҳамади Абдуҳ, Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ ва Маҳмуди Тарзӣ мушоҳида мекунем.
Масалан, Маҳмуди Тарзӣ бештар ба иблоғи урупогироӣ дар заминаи понтуркизм гом ниҳода, ҷиҳати рафъи нуфузи забони порсӣ дар мулки афғон ҷаҳд намудааст. Ба ибораи дигар интиқоли барҷомондагӣ аз сӯйи кишварҳои муқтадири Ғарб аз таҷрибаи сиёсати кишваркушоии онҳо гувоҳӣ медиҳад ва он чунонки аз таърих ҳувайдост, мутаҷаддид нест. Фақат беҳад муосир гардидааст. Гузашта аз ин, интиқоли барҷомондагӣ муслиминро аз бузургтарин ганҷинаи зиндагӣ, ки амал ба шумор меравад, маҳрум кардааст.
Таъсиргузортарин омилҳои ҳувиятёбӣ дар ҷомеаи мудерн расонаҳои гуногун ва фановарии иттилоотӣ ҳастанд. Раванди муосирсозӣ дар замони Шуравӣ оғоз гардид ва алҳол дар давраи соҳибистиқлолӣ ин раванд идома меёбад, аммо муҳаққиқон сароғози онро аз даврони маорифпарварӣ дида, ин тамоилро дар осори Аҳмади Дониш ва муосиронаш ҷустуҷӯ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё