Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Сабаб чист, ки маорифпарвари тоҷик ғарбиёнро ва тавассути онҳо илмро ташвиқ менамояд? Чунки чунин мепиндорад, ки ягона роҳи рафъи чунин ҷомеаи мушкилзо бо низоми амирии сахт бехабар ва ғуттавар дар ҷаҳлу торикӣ фақат илми муосир аст. Бинобар ин, Ғарбро бо Шарқ муқоиса мекунад ва тавассути қиёс хонандаро водор мекунад, ки танҳо аҳкоми дин роҳи рушди давлат нест, аммо дар аморат аксар одамон чунин мепиндоштанд, ки инсон фақат барои ибодат халқ шудааст ва чунин андеша ғайри хурофот дигар чизе нест. Дониш аз набудани ҷаҳонбинии динии солим ва мусоид ба ислом дар аморат шиква карда, аз он дар хавотир буд, ки донишмандони исломии аморат ҳатто мавқеи дилхоҳ кишвареро дар харитаи сиёсии ҷаҳон намедонанд. Бинобар ин, ба қавли мутафаккир фақат мактабу мадраса кифоя нахоҳад буд, ки илмҳои дунявӣ тадрис шуда, иллатҳои мактабҳову мударрисони ҷоҳил ошкор гардад. Яъне бояд низоми муайяни фарҳанги дунявӣ таҳия шуда, андешаи хурофотӣ ва муаллақ ба осмонро аз байн бурд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки дилхоҳ кишваре агар самтҳои дунявии фаъолиятро боздорад ва фақат ба иқрор андешаи ғайридунявии рӯзи охират қаноат кунад, дер ё зуд ба коми нестӣ мерасад, чунки инкори ҷаҳонбинии дунявӣ инкори ҳастии хеш аст ва хоҳ-нохоҳ моро ба барҳамхурӣ мерасонад.

пешина
аз 303
навбатӣ