БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Масоили бозкушоии марзҳои фарҳангӣ барои созмон додани иттиҳод бо фарҳангҳои дигар ҷиҳати ҳифзи ҳувияти миллӣ мухолифанд ва домани муқовимат дар баробари иттиҳоди фарҳангҳо бисёр густурда аст. Барои ҳамгироии фарҳангҳои кишварҳои мухталиф дастовардҳои фалсафиву ҳунарӣ ва иктишофоти илмӣ низ нақш бозидаанд. Аз ҳамин хотир, баъзеҳо идеяи гуфтугӯи мардуме, ки намояндаи фарҳангҳои мухталиф ҳастанд, дар қиёс бо гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳо пешниҳод кардаанд, чунки омили иртиботи байни фарҳангҳо афроде мебошанд, ки дар замонҳои гуногун таърих сохтаанд. Ҳувият ба унвони роҳе барои баррасии суолҳое аз қабили “Ман кӣ ҳастам?” ва “Ман бо кӣ ҳастам?” ғолибан ба як асли тавзеҳи иҷтимоӣ ва таомули байни фарҳангӣ табдил мешавад.
Бархурди тамаддунҳо дар тасодуми анъанаҳо ва раванди муосирсозӣ мушоҳида мешавад.
Масъалаи таомули фарҳангҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад, зеро ин ё он посух ба он метавонад ба мабнои ҳалли масоили ҳамзистии афроди мутааллиқ ба фарҳангҳои мухталиф табдил шавад. Ҳифзи хотираи фарҳангӣ зимни густариши фазо барои дарки дастовардҳои гузашта ва имрӯз имкон фароҳам меорад, ки иртиботи фарҳангҳо сурат гиранд. Аммо инсони муосир дар муқобили афроди анъанавии фарҳангҳо ҳеҷ гуна иртибот бо дарназардошти дилбохтагӣ ва макони фарҳангӣ – иҷтимоиро надорад, чунки рушди техник ва пешрафти номаҳдуди иқтисодии ҷомеаҳои тавсеаёфта ашхосро аз ҳадафҳову дастовардҳои камназир маҳрум сохта, лаёқати эҷоди чизе ҷадидро дар ниҳодҳояшон барҳам додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё