БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Инсони замони постмодерн торафт асолати аслии хешро бохта, ба нусхаофаринӣ машғул мегардад, ки ин омил дар натиҷаи ғалабаи фарҳанги ом ҳаматарафа рушд кардааст. Карл Ясперс ва Жак Бодриёр, ки дар таълифи рисолаи “Ҷамъияти арвоҳ” ҳаммуаллифанд, рушди техникии замони муосирро сабаби пайдо шудани мушкилиҳои пайҳам донистаанд: “Техник дунёи мукаммалро эҷод нахоҳад кард, аммо дар ҳар марҳала мушкилоти ҷадиде дар ҷаҳон бунёд менамояд ва дар натиҷа, вазифаҳои ҷадид – фановарӣ на танҳо ба далели нуқси он боиси афзоиши ранҷ мешавад. Ӯ бояд ноқис бимонад ё нобуд шавад.
Таваққуф барои ӯ ҳамеша анҷоми ҳастӣ маҳсуб мешавад”135. Гузашта аз ин, муаллифони асари мазкур ҳақиқати инсони муосирро дар ҷомеаҳои тавсияёфта таҳқиқ намуда, сабабҳои майл пайдо накардани инсонҳоро ба издивоҷ ва барпо намудани оила дар ин дидаанд, ки вуҷуд доштани хонавода ниёзи инсонро ба манзили истиқоматӣ, ҳамбастагӣ, шеваи зиндагӣ ва эҳтироми хос
Ясперс К., Бадрияр Ж. Призрак толпы, - М.: Алгоритм, 2007, - с. 51.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё