Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

давлатӣ кадоме бошад, соҳибзабон новобаста аз
дигар вижагиҳои фарҳангӣ соҳибмартаба буда,
дар таҳияи сиёсат ва равобити байнидавлатӣ
пешгом маҳсуб мешавад. Намебинед, ки
таҳоҷуми хабарӣ аз хориҷи мамлакат ҷиҳати
дигаргун матраҳ сохтани масоили марбут ба
забоншиносии миллӣ, пеш аз ҳама форсӣ
пиндоштани забони тоҷикӣ ва баъдан инкор
кардани миллияти тоҷик бо дарназардошти ин
ақидаи таҳмилӣ, ки тоҷик арабзодае буд, ки
бинобар гум кардани забони худ порсиро қабул
доштааст, дигарбора тоҷиконро аз қудрати сиёсӣ
дар Меҳани хеш маҳрум созанд ва амсолашон,
лекин ин сенарияи солҳои бистуми садаи гузашта
кӯҳна шудааст ва татбиқ намудани он душвор,
агарчи ҷавонбухориён ва дигар тоифаи зархарид
чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз Меҳан
мутааддид ҳастанд. Бинобар ин, аносири дигари
фарҳанги миллиро бояд ҷустуҷӯ кард, ки таърих
мебошад ва барои роҳандозӣ шудани ҳадафҳои
геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ таърихро бояд
таҳриф намуд. Чунин ба назар мерасад, ки
тамоили мазкур мисли забон ва соири аносири
фарҳангӣ дар фазои кушоди муосирият ҳамон
масъалаи синтез ва баҳамоии фарҳангҳост, аммо
эътирофи густариши ғояи синтез, дастовардҳои
илмии Ғарб дар соҳаи гуногун бо арзишҳои
маънавии Шарқ, мусоидат ба эҳёи миллӣ, ки ба
рушди босуръат нигаронида шудааст, ин ҷо бо ҳам бархурд мекунанд.

пешина
аз 303
навбатӣ