БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Фарҳангшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов ҷиҳати пайдоиш ва тақвияти чунин бархурд дар миёни Шарқу Ғарб таваққуф намуда, оқибат чунин хулосаро воҷиб дидааст:
“Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ғарб чӣ гуна осори Мавлоноро муштоқона мутолеа мекунад, шумо меандешед: дақиқан, Шарқ дар кадом самт ақиб мондааст? Дар тараққии моддӣ. Рушди моддӣ ва иҷтимоӣ бо тафаккури амалгароёна ҳамроҳ аст.
Аммо оё чунин тафаккуре ҳамеша мунҷар ба рушди арзишҳои инсонӣ мешавад? Чаро дар Ғарб буҳрони рӯҳ вуҷуд дорад? Фард дар як калоншаҳри чандмиллионӣ зиндагӣ мекунад, ки дар он фановарӣ ва хидмат дар авҷи худ ҳастанд, аммо аз танҳоӣ, аз адами таваҷҷуҳ ба мушкилоти рӯҳии худ ранҷ мебарад? Дар Ғарб ҳамроҳ бо тавсеаи фановарӣ, илм, ақлгароӣ, иктишофи кайҳонӣ боз инҳирофи меъёрҳо мушоҳида мешаванд”141. Ҷаҳонишавӣ падидаи нав нест, решаҳои равандҳои ҷаҳонишавӣ ба таърих бармегарданд, вале асолати маҳвкунандаи ҷаҳонишавӣ падидаи поёни садаи XX аст.
Бозорҳои ҷаҳонишавӣ, технологияҳои ҷаҳонӣ, ғояҳо ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ мардуми тамоми кишварҳоро мутаваҷҷеҳи худ сохтааст, аммо ҷаҳонгароӣ, ё худ ҷаҳонсозӣ мушкилиҳои ҷадиде аз қабили ҳифзи муҳити зист, устувории
141 Рахимов С. Актуальные проблемы таджикской культуры, - Душанбе:
Адиб, 1989, - с. 90.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё