БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

гирад, монанд ба ҳамон сутуроне хоҳад шуд, ки башар онҳоро хонагӣ кардааст. Тозагии дигар, ки дар андешаҳои Ибни Халдун мушоҳида мешаванд, аз лаёқати ирсии миллатҳо дар умури идораи давлат мебошад ва муаллифи “Муқаддима” муътақид аст, ки барои тозиён кишвардорӣ фақат ба шеваи динӣ аз қабили паёмбарӣ ҳосил мешавад, аммо тоҷикон агар кишвардориро бо усули дину вижагиҳои мазҳабӣ роҳандозӣ кунанд, ба нокомиҳо мубтало хоҳанд шуд ва ин омилро мо дар гузашта ва имрӯзи тоҷикон мушоҳида мекунем, чунки онҳо аз аҳди бостон ба авомили дунявӣ мусоидат доштанд ва агар дар кишвардории онҳо андаке гироиш ба аҳкоми динӣ содир гардад, бегуфтугӯ қудратро бо ду дасти адаб ба ғайри худ вомегузоранд ва он одат ҳануз аз замони Исмоили Сомонӣ побарҷост, ки номбурда аз ҳисоби тангчашмони асир сипоҳ оросту сабаби аз байн рафтани қудрати сиёсӣ шуд. Назарияи “асабият”, ки Ибни Халдун дар “Муқаддима” баён намудааст, назарияи ҳувият аст ва ҷиҳати роҳандозӣ шудани рушди фикрии муслимин ва ғайри онҳо баҳс менамояд. Бархе аз муҳаққиқин назарияи мазкурро “таассуб” пиндоштаанд, вале бо гумони ғолиб метавон гуфт, ки назарияи “асабият” – и Ибни Халдун вижагиҳои ҳувияти фарҳангиро дар замони мудерн дар бар мегирад.
Ҳамчунин, ба таъбири Ибни Халдун, ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгушоист ва ин масъала дар китоби якуми “Муқаддима” мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё