Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Тибқи андешаи мутафаккири араб Ибни Халдун, саҳронишинӣ ва ҳаёти бадавӣ аз шаҳрнишинӣ ва тамаддун муқаддам аст, вале бодиянишин агар орзу дорад, ки шаҳрнишин гашта, аз тамаддун воқиф шавад, аммо алорағми ӯ шаҳрнишин дар ҳеҷ сурат намехоҳад ба бодиянишинӣ баргардад, чунки марҳилаи иқомат ва фаъолияти иҷтимоии ӯ чандин маротиб дар рушду тараққӣ аз низоми бодиянишинӣ мутафовит буда, аз авомили пайдоиши вижагиҳои махсуси фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Илова бар ин, Ибни Халдун муътақид аст, ки майл ба дунявият низ маҳсули тамаддун ва шаҳрнишинист, аммо ҳаёти бадавӣ инзиворо эҷод мекунад. Мавсуф ҷиҳати тафовут байни ду тарзи зиндагӣ ба таҳқиқ пардохта, оқибат ба хулосае меояд, ки башар аз табиати худ канор рафта, тобеъ аз одоту маънавиёти хеш қарор мегирад: “Инсон сохта ва фарзанди одоту маънавиёти худ мебошад, на фарзанди табиату мизоҷи хеш”143. Ба пиндори номбурда, афроди соҳибтамаддун мисли чаҳорпоёни ромгардида ҳастанд ва чун бадавии ваҳшӣ ба шаҳрнишинӣ хӯ

142 Шариатӣ А. Сухане дар бораи китоб, суханронӣ дар рӯзи ифтитоҳи анҷумани китоб, - Теҳрон: Интишороти чопхуш, 1356, 40 с.
143 Ибни Халдун. Муқаддима. Иборат аз ду ҷилд, ҷилди 1, - Душанбе:
2019, - с. 307.

пешина
аз 303
навбатӣ