БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Воқеан, ғазали мазкур, ки матлаи аввали он “Бӯйи ҷӯйи Муллиён” аст, вижагиҳои ташаккули ҳувияти фарҳангиро моҳирона ба қалам оварда, дар мисоли амир исбот мекунад, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳангофаринӣ эҳтироми мавзеъест, ки он ҷо давлат идора карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши илмӣ бобати нахустин шарти давлатсозӣ дар таҳияи марказ ҷомеашиносон бисёр навиштаанд, аммо ин нукта бебаҳс аст, ки маҳз пойтахти кишвар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаро таъин менамояд ва барои тақвият пазируфтани вижагиҳои он мусоидат мекунад.
Ҷаҳонишавӣ беш аз пеш хусусияти воридшавӣ ба ҷомеаҳои рӯ ба инкишофро касб мекунад ва дар фазои кушодаи фарҳангӣ бо шиори масъалаи синтезу баҳамоии фарҳангҳо масоиле матраҳ мешаванд, ки ба мавзуи зикршуда алоқа надошта, баръакс, тамоили зидди фарҳангиро мунташир месозанд. Дидгоҳи ҷаҳонишавии иқтисодӣ тибқи баҳогузории ихтисосӣ раванди мазкурро ба нафъи кишварҳои тавсеаёфта баррасӣ мекунад ва ин ҷо зарур донистем, ки фикри пажӯҳишгарони иқтисодро матраҳ намоем: Аввалан, дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ тавзеҳи муҷаддади манобеъи тавлид ба нафъи кишварҳои тавсеаёфта сурат мегирад ва ноҳамворӣ дар сатҳи тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии байни гурӯҳҳои фардии кишварҳо, ба вижа кишварҳои рӯниҳода ба инкишоф мушоҳида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё