БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҷаҳонишавӣ, бар хилофи равандҳои идғоми иқтисоди сусиёлистии байналмилалӣ, ки замоне иттифоқ уфтод, ба маънои яксонсозии сатҳи тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии фардӣ ё гурӯҳе аз кишварҳо нест.
Сониян, вобастагии мутақобили иқтисодии байни кишварҳо дар миқёси ҷаҳонӣ ба таври чашмгире мизони осебпазири ҳар як аз онҳоро афзоиш медиҳад. Буҳрони иқтисодии марбут ба қитъаи Осиё дар санаи 1998 ва соири буҳронҳои сохторӣ бар дараҷаи афзояндаи осебпазирӣ маҳсуб мешавад. Солисан, дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ба вижа, озодсозӣ дар иқтисод асарбахши механизмҳои танзими давлатии иқтисоди эҷодшуда тайи даҳсолаҳо рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Давлатҳои миллӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли мушкилилоти ҷиддӣ зимни тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нотавон мешаванд.
Саҳеҳтар агар ин масъалаҳоро пажӯҳиш кунем, бегуфтугӯ чунин хулоса пайдо мегардад: Дар замони Шуравӣ ва тадвини иқтисоди сусиёлистӣ шакли идғоми моликияти хусусӣ бар иқтисоди бозорӣ рақиб буд ва рақобати иқтисоди нақшавӣ бо ғайри худ дилхоҳ натиҷаро ба бор меовард.
Шояд ҳамин омили рақобатпазирии ду навъи ҷаҳонбинии иқтисодӣ боис гардид, ки ислоҳоти иқтисодии камназир чун рейганомика ва тетчеризм нақши бағоят тавсеакунандаро дар кишварҳои ҷудогона иҷро кунад, аммо идғоми иқтисоди нақшавии хос ба кишварҳои пасошуравӣ бо дарназардошти таҳмили раванди ҷаҳонисозии иқтисодӣ рушди кишварҳои рӯниҳода ба тарраққиро боздошту онҳоро бо давлатҳои тавсеаёфта мутамоил сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё