БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

гурӯҳ тақсим мешаванд: тавсеаёфта ва рӯ ба
инкишоф, лекин рақобати онҳо бар нафъи гурӯҳи
аввалия анҷом ёфта, оқибат кишварҳои рӯ ба
инкишоф мавзеи гардиши сармояи онҳо хоҳад
буд. Бинобар ин, сармоядор дар кишварҳои рӯ ба
инкишоф маҳсулотро бидуни коркард ба
кишварҳои тавсеаёфта бо арзиши барояш
номусоид содир мекунад ва ин маҳсулот, ки
ғолибан, кишоварзӣ ҳастанд, монанд ба қувваи
корӣ низ камарзиш мебошанд ва ҷиҳати таҳияи
фоидаи назаррас аз сармояи мутазаккир чандон
комёб намешаванд. Ба ҳамин монанд рақобатҳо
дар самти сиёсӣ мушоҳида мешавад ва
кишварҳои тавсеаёфта бештар инқилобҳо ва
дигар шаклҳои табадуллоти давлатиро ба
кишварҳои рӯ ба тараққӣ интиқол медиҳанд, ки
ҳодисаҳои ахири Қазоқистон, Белорус ва
Тоҷикистон ин андешаро исбот мекунанд. Ба
ибораи дигар, ҷаҳонишавии иқтисод айни замон
рукни ҷаҳонисозӣ аст, ки саҳеҳан, ғалабаи
қудратҳои ҷаҳониро ба қудратҳои маҳаллӣ ва
минтақавӣ таъмин месозад. Масалан, бидуни
роҳҳои муосири байналмилалӣ идғоми иқтисоди
Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ номумкин аст,
вале чун масъалаи татбиқсозии ҳадафҳои
геосиёсӣ матраҳ мешавад, ашхоси
ҳавасмандшуда ин роҳҳои байналмилалиро
мебанданд ва дар минбарҳои созмонҳои сатҳи
ҷаҳонӣ ҷои интиқод аз чунин кирдорҳо боз ононро имкон медиҳанд, ки роҳбандиро идома диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё