Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Чунки сарнавишти дилҳоҳ минтақа ва миллат дар замони муосир аз дидгоҳи ҷаҳонисозӣ баррасӣ шуда, лағви рушди иқтисодӣ ва рафъи суботи сиёсии дилхоҳ кишвари рӯ ба инкишоф дар пояи ормонҳои ҷаҳонисозии мутаҷҷаддид аст ва ин ақидаро метавон дар иқдомҳое мушоҳида кард, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ду соли охир дар мисоли тазоҳурот ва роҳандозӣ шудани кирдорҳои террористӣ татбиқ намуданд. Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози арзиши қувваҳои коргарӣ дар ҳудуди пасошуравӣ ҷои аввалро соҳибӣ мекунад ва воқеан, нерӯи кории мамлакат дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя ва дур камарзиш арзёбӣ гардида, ҳамин омил онро дар кишварҳои тавсеаёфта соҳибтаваҷҷуҳ сохтааст.
Сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳадди ним миллионро гузаштааст ва агарчи маблағҳои мусоидаткунанда аз хориҷ ба мамлакат ворид мешавад, аммо ин нерӯҳои корӣ агар дар дохили кишвар мавриди истифода қарор мегирифтанд, авлотар мебуд. Чунки тибқи глобализатсияи иқтисодӣ кишварҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба ду

пешина
аз 303
навбатӣ