БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

онҳо метавонанд дар канори ҳамдигар зиндагӣ
кунанд. Аммо чандфарҳангӣ сиёсате маҳсуб
мешавад, ки ҳадафи он ҳифзи фарҳангҳо ва одобу
русуму анъанаҳои ноқис аст. Барои аз байн
бурдани чунин расму анъанаҳо, ки зиёиён дар
буҷаи афрод доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну
маросим таҳия гардид, аммо ин санади ҳуқуқӣ аз
ҷониби ашхоси манфиатҷӯ сахт интиқод ёфт. Бо
вуҷуди ин, қонун расман ба тасвиб расид ва
алҳол маълум мегардад, ки аксари шаҳрвандон аз
бори гарони анъанаҳои сохташуда азият
мекашиданд. Анъанаҳои хуб мемиранд, чунки
онҳо муфид барои омма ҳастанд, лекин
анъанаҳои фасодзо боқӣ мемонанд, чунки ҳузури
онҳо ба манфиати гурӯҳе хоҳад буд ва агар чунин
анъанаҳо аз байн раванд, пас тоифаи манфиатҷӯ
мисли домуллоҳо аз суд маҳрум мешаванд. Бояд
мутазаккир шуд, ки анъанаҳо дар як сурат
судманд хоҳанд буд, ки аз будани онҳо халқи
мазлум осеб набинад. Озодии фарҳангӣ барои
инсон имкон фароҳам меорад, ки ҳувияти
фарҳангии хешро интихоб карда, ҳуқуқи
дигаронро ҷиҳати таҳияи худогоҳии фарҳангӣ
поймол насозад. Ҷунбишҳои фарҳангсолорӣ дар
асри мо таҳдиде барои озодии фарҳангӣ ба бор
оварда, мушкилиҳои пайдошударо ҳал карда
наметавонанд. Афроде, ки чунин ҷунбишҳоро
раҳбарӣ мекунанд, ба бартарии фарҳангии худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё