Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

эътиқод доранд ва ба дунболи таҳмили
идеологияи худ рафта, умри гаронмояи хешро
сипарӣ мекунанд. Солҳои 90-уми садаи
сипаришуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳрвандоне, ки исломро аз соири адён бартар
дониста, эътимод доштанд, ки онҳо нисбат ба
дигарон ба Худо наздиктаранд, дар майдонҳои
шаҳри Душанбе тазоҳурот намуданд. Таассуб ва
нохудогоҳӣ онҳоро водор кард, ки ҷиҳати
татбиқи андешаҳои худ дигаронро ба инобат
нагирифта, аксар шаҳрвандонро маҳкум
бинмоянд ва дар ин ҷода аз зӯроварӣ истифода
кунанд. Ин амалҳои ношоиста то кунун аз лавҳи
хотири инсонҳо зудуда нашудааст, чунки ҷабру
зулм омили камбудӣ дар фарҳангдорӣ аст ва ҳар
кӣ аз ҷумлаи чунин афрод маҳсуб мешавад,
оқибат шармсор хоҳад шуд. Он замон фазои
кушодаи фарҳангӣ дар кишварҳои пасошуравӣ
набуд ва интиқоли бархе аз аносири фарҳангӣ
чун филмҳо, тасвирҳо, мусиқӣ, меъморӣ ва ғайра
мушоҳида намешуданд. Фақат аз Эрон ярмаркаи
фурӯши китобҳо дар санаи 1989 баргузор гардид
ва пасон дукони китобфурӯшии “Алҳудо” дар
маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт, аммо
агар таҳкурсии мубаллиғини илсомӣ барвақтар
намебуд, ҳеҷ гоҳ бо фурӯши кутуб интиқоли
инқилоби исломии Эрон дар кишвари мо
роҳандозӣ намешуд. Шояд суол пайдо шавад, ки
инқилоби исломӣ интиқол нашудааст, аммо шиорҳое, ки дар тазоҳуроти соли 1991 мушоҳида мешуд, ҳамагӣ шиорҳои асосии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 буданд.

пешина
аз 303
навбатӣ