БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

антиқии юнонӣ будааст, ки дар заминаи рӯҳияи
динӣ ва асотирии Юнони бостон ташаккул ёфта
буд”. Дар воқеъ, нахустин суол, ки дар зеҳни
инсони мутафаккир меояд, ин аст, ки башар чӣ
мавҷудест ва чаро ниёзи фоҳиш ба ғайри худ
дорад? Аммо замони постмодернизм ин суолро
каме тағйир дод ва гуфт: мо чӣ касе ҳастем ва чӣ
чиз боиси тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии мо
хоҳад шуд? Аммо фарҳанг вижагиҳое дорад, ки
дар ҳар миллате мухталиф ҳастанд, аммо ин
вижагиҳо, ки аз забон, дин, анъана ва ҷашну
маросим бештар иборат мебошанд, ормонҳои
дарунии афродро дар бар мегиранд. Масалан,
забон барои гуфтану муошират барпо кардан аст,
аммо пояи асосии забон чун хусусияти фарҳанги
миллӣ офаридан аст, ё худ анъана фақат пайгирӣ
аз суннати ниёгон нест, балки одати
расмшудаест, ки бархе аз талаботи башарро
қонеъ мекунад, лекин ҳадаф аз фарҳанг ороста
доштани ниҳодҳоест, ки ҷомеа онҳоро месозад,
яъне на ҳар фарҳанг ва на ҳар инсон созанда аст,
яъне агар фалсафа дар тамоили созандагӣ дарк
шавад, пас хулоса чунин хоҳад буд, ки на ҳар
миллати бофарҳанг фалсафаи хоси хешро бунёд
намудааст, чунки фалсафа дар асли худ
андешидан бидуни таъсирпазирӣ аз дигарон
маҳсуб мешавад. Ҳар инсоне, ки бо хатту имло
ошност, метавонад бо навъҳои фалсафаи ҷаҳонӣ
воқиф гардида, муҳтавои онҳоро ҳифз намояд, аммо фақат бо ин роҳ инсон фарҳангзо ва файласуф нахоҳад гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё