Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ, ҳам ҳатто муаррихоне, ки роҳи тайкардаи “тамаддуни исломӣ”-ро аз мавқеи ҷаҳонбинии динӣ муоина намуда, ҳамаро “аз файзу баракат”
– и кеши мусалмонӣ медонанд, афкору аъмоли Розиро сарфи назар карда наметавонанд”150.
Илова бар ин, мутафаккирони Шарқ алайҳи хурофоту таассуб қарор доштанд ва маҳз изҳороти онон буд, ки сабки ривоятиро боздошту такя бар ҳақиқати ҳолро пешниҳод сохт. Пеш аз зуҳури мудерн дар Ғарб низ тамоили эътиқодии миллатҳо бартарӣ доштанд. Шерзот Абдуллозода муътақид аст, ки аксар равияҳои фалсафии Аврупо айни замон аз мавқеи динӣ баррасӣ мешаванд. Мавсуф менависад: “Ҳарчанд, ки имрӯз асоси фалсафии гуманизми либеролии ғарбиро инсоншиносии фалсафие, ки мураккаб аз равандҳои фалсафии гуногун: персонализм, прагматизм, фалсафаи дини протестантӣ, неотомизм ва феноменология ташкил мекунад ва ин ҳам дуруст аст, ки аксари ин равияҳои фалсафӣ бисёре аз масоили инсоншиносиро аз мавқеи динӣ ҳаллу фасл кардаанд, вале рӯҳияи фарҳанги либералистӣ аз ибтидо ҳамон рӯҳияи

Турсунов А. Эҳёи Аҷам, - Душанбе: Ирфон, 1984, - с. 127.

пешина
аз 303
навбатӣ