Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Дар сурати татбиқшавии ҷаҳонсозии нав арзишҳои фарҳангии муқовиматкунандае ба кор меояд, ки роҳҳои маҳвшавии фарҳанги миллиро боздорад.
Масалан, анъанаҳое, ки тоҷикон дар садсолаи ахир пайрави он буданд, монанд ба барпо кардани хатнасур, ё худ пас аз марги волидон таҳияи маъракаҳои масрафкунанда чун ҳафту чиҳил ва соли майит кадом инсони аз фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдори муосирро бар худ мутаваҷҷеҳ месозад? Мисоли дигар, ҷандапӯшии афроди амр ба маъруфкунанда айни ҳол дар кадом фарҳанги дунёгир пайрав пайдо мекунад? Ин ки онҳо дар ҷамъомадҳо мардумро фирефта, ба онҳо гӯшзад мекунанд, ки агар аз зумраи муслимин бошед, аз дунё ва дунявигароӣ истиқбол накунед, барои кадом соҳибфарҳанге мақбул хоҳад буд?
Новобаста аз тааллуқи миллии худ инсонҳои муосир мехоҳанд аз фарҳангҳое, ки дар ҷомеаҳои тавсеаёфта густариш пазируфтааст, бохабар бошанд ва худро инсони мутамаддин ҷилвагар намоянд. Яъне гироиш дар афкор ва аҳволи мардумони гуногун беш аз пеш мушоҳида мешавад ва майл пайдо кардани онҳо ба фарҳанги бегона бидуни ҷанг нобуд кардани хеш хоҳад буд. Илова бар ин, афроди тиҳимағзе ҷиҳати дифоъ аз дин омодаанд тавассути худкушиҳо ба қудратҳои ҷаҳонӣ эътироз намоянд бехабар аз ин ки чунин худкушиҳо тибқи сенарияи ҳамон қудратҳо роҳандозӣ мешаванд.

пешина
аз 303
навбатӣ