Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар садаи XXI бо сатҳу сифати ҳувияти фарҳангӣ баррасӣ шуда, инсон дар он гаронтарин армуғон шинохта мешавад.
Дар ҷомеаҳои рушдкунанда тибқи меъёрҳои илмиву ақлӣ ба ҳар инсоне баҳогузорӣ шуда, фаъолияти ӯ бо дарназардошти сифати ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти марзӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геополитикии хеш дигар миллатҳову кишварҳоро омӯхта, бинобар ҷалб намудани гурӯҳе аз дохили давлатҳо бо истифода аз тахрибкорӣ ба ноором кардани низоми сиёсии он давлат иқдом мекунанд.
Махсусан, хатари тағйир додани низоми сиёсӣ бо истифода аз инқилоб ва дигар навъҳои табаддулоти давлатӣ тавассути афроди зархарид ба кишварҳои нав истиқлолёфта таҳдид мекунад.
Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар фазои орому осоиштаи Ватан пеш омада, нақши зиёиён дар таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ дучанд меафзояд, чунки таҳиякунандагони кирдорҳои экстремистӣ кишвари мавриди назарро аз лиҳози пойбандии аҳолӣ ба андешаҳои динӣ баррасӣ мекунанд ва бо роҳҳои таҳмил сохтани ақидаҳои динии родикалӣ барои аз байн бурдани давлате ва кишваре ҷаҳд менамоянд.

пешина
аз 303
навбатӣ