БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Сарчашмаи инчунин пиндорҳо тақвият пазируфтани тафаккури ирфонии андешамандон маҳсуб мешавад. Даъват ба худшиносӣ дар аксар мавридҳо дар заминаи изҳори ақидаҳои бесуд сурат пазируфта, ҳосилаш пайдо шудани эҳсоси дунёбадбинӣ мебошад. Гузашта аз ин, чунин андешарониҳо дар пӯшиши андарзномаҳо изҳор шуда, инсонҳоро аз рушду такмил ва тақвият ёфтан аз лиҳози зеҳнӣ бозмедоранд. Бинобар ин, дар аксар манобеъ, ки дар илми муосир истифода мешаванд, воқеият мавриди баррасӣ қарор намегирад ва беш аз пеш утопия дар шакли тафаккури хаёлӣ баён мегардад. Аз авомили пайдоиши ин тафаккур дар ҷомеаҳои гуногун сохтори иҷтимоъ ва вижагиҳоест, ки ҳар гуна ҷамъият онҳоро парвардаанд. Лекин асоситарин омил дар изҳори тафаккури ғайридунявӣ олитарин сатҳи донишҳои ҷомеашиносист ва чун донишмандон ончиро медонанд, ки дигарон намедонанд, рафтору гуфтору пиндори аксар мардумонро ба ҳайси омма қабул надоранд.
Бинобар ин, дар андешаи онҳо тафаккури раҳбонӣ тавсеа ёфта, тавассути гӯшагирӣ аз мардум мехоҳанд тафовути хешро аз соири одамон исбот карда, бо онҳо ҳамнавъ набудани худро ошкор бинмоянд. Аз ҳамин мавқеъ андешаи дар ғафлат қарор доштани башар зуҳур карда, ба афроди соҳибандеша додани рутбаи авлиёуллоҳ роҳандозӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё