БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар ин маврид миллатҳои мутамаддин муқобили ақвоми саҳронишин қарор доранд, чунки дар масоили ғизо саҳро ҷуз гушту шир дигар маводро барои истеъмол тавсиа намекунад, аммо қонуни асосии саҳро иборат аз ин аст, ки муҳити он инсонро аз табиати хеш хориҷ месозад ва маҳз бо дарназардошти авомили мутазаккир қавмҳои бадавӣ ба таълимоти сомӣ ҷиҳати бадбинӣ доштан ба аносири дунявӣ майл пайдо кардаанд. Баъзан чунин ақидаро низ таблиғ намудаанд, ки дар тасаввуфи исломӣ эҳсоси бадбинӣ ба дунё замзама мешавад, аммо бузургтарин намояндаи ирфон, ки Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, дар “Маснавии маънавӣ” дунёро алорағми ин таблиғҳои нодуруст чунин шарҳ додааст:
Чист дунё? Аз Худо ғофил будан, Не қумошу нуқраву фарзанду зан.
Ин ҷо сареҳан изҳор шудааст, ки дунё “тиллову нуқраву фарзанду зан” нест, ки ағлаб инсонҳо маҳз ҳаминҳоро дунё пиндоштаанд ва маънии ирфонии вожаи “дунё” ба қавли Мавлавӣ ғафлат ҷустан аз Яздони пок аст, на чизи дигар.
Бо дарназардошти вижагигиҳои рамзии тасаввуфи исломӣ дар афкори риндӣ дунё мавриди мазаммат ва накуҳиш қарор доштааст.
Дар осори бузургони илму дин афтодарӯҳӣ ва андешаи навмедӣ аз дунё бисёр вомехӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё