Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Оҳиста-оҳиста баъзе масъалаҳои марбут ба вижагиҳои навсозии фарҳанг – нусхаҳои тағйироти фарҳангӣ муайян карда шуданд. Масалан, дар қиёс ба баъзе аносири фарҳангӣ чун заргарӣ, кулолӣ, зардӯзӣ, фалак, шашмақом, мо тағйиротро бобати забону маориф ва иттилоот бештар мушоҳида мекунем.
Баҳси забон дар кишвари мо оғози садаи гузаштаро ба ёд меорад. Агар он замон ашхоси дар Туркия таҳсилгирифта мавҷудияти забони тоҷикиро инкор мекарданд, дар давраи муосир гурӯҳи фироркардаи тоҷикони хориҷ аз Тоҷикистон имрӯз ин ақидаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ менамоянд. Ҳадаф аз инкори забони миллӣ роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсӣ аст ва тағйири низоми маорифи замони Шуроҳо низ бо мақсади ғофил кардани онҳоест, ки дар кишварҳои пасошуравӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Бинобар ин, дар замони муосир бо вуҷуди таҳмили унсурҳо ҳамон хусусиятҳои иртиҷоӣ аз байн мераванд ва аносири аслии фарҳанги миллӣ побарҷо ҳастанд.
Масалан, анъанаҳое, ки ниёз ба танзим доштанд ва иҷрои онҳо барои мусалмонони кишвари мо муфлисшавӣ дониста мешуд, баробари татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим (2007, 2017), нуфузи хешро торафт коста мегардонанд, чунки гурӯҳҳои иртиҷоии ҷомеаи Тоҷикистон бо истифода аз сатҳи пазироии хурофоти динӣ манфиатҷӯ мебошанд ва онҳоро ошкор сохтан чандон мушкил нахоҳад буд.

пешина
аз 303
навбатӣ