БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

табиат низ мушоҳида мекунем. Масалан, пингвинҳои Антарктида бинобар сармои шадид ончунон муттаҳиданд, ки байнашон ихтилоф ҷустан аз ҳамоқат мебошад, аммо уқоб, ки ниёз ба ҷамъи ҳамнавъон надорад, аз дигар ҳамнавъонаш канор рафта, фаъолияти хешро дар танҳоӣ созмон додааст.
Башар ба дунё меояд ва аз дунё меравад.
Каме саҳеҳтар фикр кунем, дунёро муваққат мебинем ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки он анҷом меёбад, валекин бадандешидани дунё ва мазаммат намудани он дар пояи дифоъ аз адён пайдо шудааст. То замони Эҳё башар ҷор мезад, ки дину давлат бо ҳам ҳамоҳанг буда, яке бидуни дигарӣ арзи вуҷуд надоранд. Маълум аст, ки ин андеша бар манофеи афроди рӯҳонӣ хидмат мекард ва онҳо ҷиҳати дифо аз манфиат ин таблиғотро матраҳ менамуданд. Дар маърӯзаҳо дин дар муқобили дунё баррасӣ мешуд ва андешаи мазаммат ва ҳатто инкори дунё маҳз дар ҳамин амр ба маъруфҳо марҳала ба марҳала тарвиҷ меёфт. Гӯё рағбат ба дунё инсонҳоро аз асли масъала, ки ибодат баррасӣ мешавад, дур хоҳад кард. Аммо маслаки раҳбонӣ аз тафаккури раҳбонӣ (хилватгузинӣ ё канор рафтан аз ҷамъият) тафовут дорад, чунки ақидаи мансуб ба баргузидани хилват инсонро водор хоҳад кард, ки бинобар бархурдҳои сатҳи донишандӯзии қишрҳо ва инсонҳо ба андарз гуфтан қаноат кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё