Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Андарз бошад, монанд ба дастур аст
мубтанӣ бар ин андеша, ки кадом кор бояд анҷом
дода шавад ва дигарҳоро набояд дар амал пиёда
намуд. Дар чунин ҳолат инсон татбиқкунандаи
афкори дигар буда, чун силоҳ дар дасти дигарон
хидмат мекунад ва соҳибандеша ҳар гаҳе, ки
хоҳад, аз ӯ тир меандозад. Ба ибораи дигар, чун
инсон тибқи андешаи дигарон амал мекунад, ва
дар умури иҷтимоӣ мустақил нест, новобаста аз
натиҷаи фаъолият ба маводи маҳвкунандаи хеш
мубаддал мешавад. Дар Шарқ аксар инсонҳо
татбиқкунандаи фикри ғайр буда, аз баёни фикри
мутааллиқ ба худ иҷтиноб меварзанд. Исботи ин
андеша фаъолияти бархе аз муслимини бар мо
муосир аз тариқи аҳзобу наҳзатҳои таҳти
назорати аҷнабӣ қарордошта ва ба ифрот
табдилёфта аст. Агар чунин пиндорем, ки Шарқ
дар тасарруфи Ғарб қарор дорад, чандон саҳеҳ
нест, аммо мушоҳида мешавад, ки ғарбиён аз
хотири қудратталабӣ партовҳои фарҳангии
худро монанд ба ҳамоҳангии дину давлат бар
машриқиён таҳмил менамоянд. Ғарби муосир
рӯҳияи вокунишӣ дошта, онро пайваста тақвият
мебахшад. Андешаманд зимни баёни нукот
(тезисҳо) бар андешамандони пешин ва муосири
хеш аксуламал нишон дода, афкори онҳоро зери
тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Дар Шарқ
бошад, аҳвол бар хилофи Ғарб аст. Он ҷо рӯҳияи
ошиқона тарвиҷ ёфта, суннати пешиниён шадидан бозгӯ мегардад.

пешина
аз 303
навбатӣ