БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

калом ваъдаи биҳишту ҳуру қусур ояд, мосадақи
он худро донистан ва ҳар ҷо ваиди дузаху азоб
бошад, онро махсуси ғайр донистан...”154. Яъне,
сиришти инсон иқтизо мекунад, ки ҳамеша
хештанро аз бегона афзал шуморад ва худро хуб
илқо карда, ғайрро ба бад мутаҳҳам созад ва дар
ҳеҷ сурат ғайри худро бар хештан бартарӣ
намедиҳад, чунки агар дигарро бар худ афзал
донист, пас ҳатман аз бегона таъсирпазир
мегардад ва худро дармебозад ва таърих низ
гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ рухдоде нест, ки тибқи он
миллате аз миллати дигар бидуни ҷанг итоат
кардааст. Яке аз авомили гетибадгӯӣ зуҳду тақво
ҳастанд ва чун инсон аз хотири қаробат пайдо
намудан бо Худо ба риёзат рӯ меоварад, нафси ӯ
бештар мехоҳад, ки ба ин амал тақарруб ҷуяд ва
оқибат чунин зуҳд аз зумраи аркони нодонӣ
зимни адои меъёр мешавад, аммо он низ чун аз
садди муқарраргардида гузашт, бегумон ба
раҳбоният табдил меёбад. Асли маънии дунявӣ
ба фарогирии шуғл ва дарёфтани мавқеи муносиб
дар муҳит ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки
онро Аҳмади Дониш дар муқобили тарк ҷамъ
пиндошта, якеро алайҳи дигаре муқоиса
кардааст: “Фавоиди ҷамъ алалиҷмол он аст, ки
мард некӯ бихӯрад, хуш бипӯшад ва ба ҳар кӣ
хоҳад, бидиҳад ва бихӯронад ва танокӯҳ ва
154 Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, Китоби 2, - Душанбе: Дониш, 1989, - с. 70.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ