БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

таносул орад ва айши софӣ таҳсил кунад ва зироату тиҷорат намояд. Ва ҳамаи ин маонӣ дар тарк мафқуд бувад, балки маъкӯс, ки давом гурусна бошад ва пашмина ва дурушт пӯшад ва ба касе додан натвонад, балки то тавонад бигирад ва кам бихуспад ва кам бихӯрад ва бе зану фарзанд бошад ва узлат гирад ва дар харобаҳо муқим бувад. Ва ин ду муқаддима ба ҳамдигар зиддонанд, ки ҳеҷ нафс ҷое, ки ҷамъ бувад, таркро ихтиёр накунад”155.
Инсонро на танҳо гетиороӣ ҳарис сохтааст, балки он вижагиҳои бархурдкунанда ба дунё ва дунявӣ, ки дар раҳнамоии динӣ мавҷуданд, ба вижа зимни баррасиҳои охирзамон, башарро ҳарис сохта, онҳоро ҷиҳати канор рафтан аз ҷамъият даъват менамояд. Чун мо нисбат ба вижагиҳои дунё ва охират ҳарис ҳастем, бидуни гуфтугӯ дӯзаху биҳишти дар китобҳо зикршударо дар рӯзгорамон таҳия менамоем. Масалан, нақшофаринии афроди дунёгаро дар адаби миллӣ ва ҷаҳонӣ инъикос шуда, дар ин бобат филмҳои тахассусӣ офарида шудаанд. Ҳамчунин, аз ҳад гузаштагӣ дар масъалаҳои охират аксар диндоронро ба фаҳш раҳнамун сохтааст, хосса маргталабӣ ё худ изҳори андешаҳои фоҳиш чун “ишқи марг”. Аммо ниёгони тоҷикон вижагиҳои
155 Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, Китоби 2, - Душанбе: Дониш, 1989, - с. 71.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ