БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

мазҳабӣ надоштанд, чунонки имрӯз ҳастанд. Дар кишвари мо зистан он маъноро дорост, ки шумо дар ҳар лаҳзае тасаввур хоҳед кард, ки Ғайб ба назорат ва неку бади Шумо шарик мебошад, чунки ҳама чиз ва ҳама масъалаҳо тибқи бовариҳои динӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати рафъи онҳо ба дин муроҷиат мешавад. Мо ба ҳар шайъ, ки муроҷиат кардем, ҳатман аз он манфиат меҷӯем ва чун дар баррасӣ суд наёфтем, дасту по бармедорем ва ҷойҳоеро муҷаддадан ҷустуҷӯ хоҳем кард, ки он ҷо аққалан манфиати мо бошад. Пас суол пайдо мешавад, ки ҳама гуна пажӯҳиши мо бо дар назардошти манофеи хусусӣ роҳандозӣ мегарданд? Ҳатто комёбиҳоро ба дигарон итлоқ мекунем ва аз бегонагон сипосгузор ҳастем, ки дар таъини сарнавишти мо бо мо шариканд. Аз ҷумла, такопуҳое, ки ҷиҳати баррасии афкор ва фарҳангу тамаддуни исломӣ анҷом медиҳем, оқибат бар зиёни дигарон ва бар суди бархе аз муслимин тарҳрезӣ хоҳад шуд.
Чаро? Чунки мо ҳама гуна ҳаводиси рухдодаро аз сарнавишт мебинем ва ихтиёрро дар умур қабул надорем. Агар яке аз ошноён бо мо салом арз накард ва ё худ фарде дар намози ҷамоат аз мо шикоят бурд, бидуни мулоҳиза аз хеш гумонбар мешавем ва мегӯем: чӣ гуноҳе аз мо гузашт, ки Яздон моро маҳкум намудааст! Дар муқовимат зуд доду валвала мебардорем, ки ин ҳама нокомиҳо аз исломситезист. Бубинед: ҳатто муборизаҳоямон хусусияти мазҳабӣ дошта, дар он ниёзмандиҳои мо таҷассум ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ