БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҳамчунин, маҷмуае аз ниҳодҳо нест, зеро мо тавсеаи мутафовите аз ширкатҳои шабакавиро дар ниҳодҳои мухталиф мушоҳида кардаем... Воқеан, фарҳанг аст, аммо фарҳанги зудгузар, фарҳанги маҷозӣ аст. Як нерӯи фаъол аст, зеро дар ҳар лаҳза иттилоотро барои қудрати иқтисодӣ фароҳам месозад”169.
Шояд чунин иртиботро бархе аз муҳаққиқин аз ҳудуди фарҳанг хориҷ бинмоянд, чунки дар назар чунин менамояд, ки он маснӯист ва бар қудрати созандаи инсон дахл надорад, аммо он бархурдҳову низоъ ва даргириҳое, ки Интернет пахш мекунад, маҳсули қудрати созандаи инсонҳост, дар ҳоле ки низошиносӣ дар замони муосир ба ҳайси илм омӯхта мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки Ғарб дар таҳмили фарҳанги хеш бар ҷаҳони ғайр маҳз ҳамин фарҳанги маҷозиро сохтаву ба кор овардааст то тавассути он фикри хешро дар ҳамаи гӯшаву канори олам бор кунад, вале ин он маъноро надорад, ки чун афроди рӯҳонӣ Интернетро маҳсули тахайюли кофар пиндошта, аз истифодаи он сарпечӣ кунем.
Баръакс, мо низ метавонем тавассути шабакаҳои иртиботӣ фарҳанги миллии худро бар ҷаҳониён муаррифӣ намоем ва бо истифода аз он ҳувияти
169 Кастельс М. Информационная эпоха: экономика, общества и культура,
- М.: ГУ ВШЭ, 2000, - с. 197.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо