Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Шайхурраисро ҳуқна мекарданд, миқдори доруро аз меъёр бештар истифода карда, вазъи беморро боз ҳам шадидтар сохтанд? Ё худ чаро чокарон дар дору зимни истеъмолаш афюнро зам карда, Ибни Синоро ба марг мувоҷеҳ сохтанд?
Ҷузҷонӣ аз авомили марги нобаҳангомро дар сарнавишти Бӯалӣ Сино аз нерумандии фавқулодае медонад, ки мутафаккир онро дошт:
“Шайх бисёр неруманд буд. Аз қувваҳои шаҳвонияш қувваи муҷомаат қавитару ғолибтар буд ва ӯ бо он бештар машғул мешуд, ки дар натиҷа дар мизоҷаш таъсир намуд”. Дар баъзе кутуби луғот низ Шайхурраисро “ҳариси ҷимо” гуфтаанд ва ҳадаф аз бозгӯ намудани он ин маънист, ки нерумандии ақлӣ ва равонӣ дар аксар мавридот нерумандии баданиро низ фароҳам меорад. Лозим ба ёдоварист, ки Бӯалии Сино бо таҳия ва тадвини мактаби сирф фалсафӣ пайрави мутааддиде пайдо карда, нуфузи ақли инсониро аз эҳсос афзуд, аммо вокуниши имом Ғаззолӣ алайҳи улуми табииёт рушди идмҳои дақиқро дар садсолаҳои минбаъда боздошт ва тарҳи нави пажӯҳишҳоро роҳкушоӣ намуд, ки ба адабу ахлоқ муртабит буданд. Дигар файласуфи номовар Насируддини Тӯсӣ аст, ки бинобар пайравӣ аз равиши илмии Бӯалии Сино алайҳи таассуб вокуниш намуда, фикри Синоро тақвият бахшидааст.

пешина
аз 303
навбатӣ