БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

ва то ҷое далел аст, ки формулҳои Фрейд аз назари ҷомеашиносӣ нокофӣ ҳастанд. Фрейд дар навиштаҳои худ бар мутуни мавриди пазириши заиф (монанди бахшҳои муосир дар бораи равоншиносии омма) такя кард. Дар инҷо метавонед як ихтилофи умдаро мушоҳида кунед.
Худи Фрейд ва пайравони мутааддиди ӯ мафҳуми қобили қабуле аз ҷомеаи мутамоизро тавсия надодаанд. Бинобар ин, аз дидгоҳи Эриксон мафҳуми “Эго” тавассути Фрейд аз тариқи мухолифат бо табиати ғайриқонунии ҷамъият ва ғаризаҳои аввалияи он сохта шудааст”51.
Гидденс аз баъзе дидгоҳҳо, ки ба Эрик Эриксон мутаалиқ ҳастанд, розӣ нест ва бавижа, мафҳуми “эго-ҳувият” – ро қобили қабул намедонад. Тибқи назари Гидденс, мафҳуми мазкур фақат дарҳамбарҳамиро эҷод карда, моро аз асли масъала барканор месозад. Дар давраи тағйироте, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба башар тақдим намуд, инсон пеш аз ҳама ба авзои буҳронии ҳувият гирифтор омад. Буҳрони ҳувияти миллӣ дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, яъне хусусияти ҷаҳонӣ дорад. Сабабҳои чунин буҳронро метавон ҷаҳонишавии иқтисодӣ, урбанизатсия, ҷаҳиши шадид дар рушди нақлиёт ва коммуникатсия, афзоиши муҳоҷирати аҳолӣ, хатми Ҷанги Сард номид. Муҳоҷират,
51
Гидденс Э. Устроение общества, - М.: Академический Проект, 2005, -
ҷойивазкунии беохир аз як ҷо ба ҷои ҳам муваққатӣ ва ҳам доимӣ боиси омезиши мардумони нажодҳою фарҳангҳои мухталиф гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё