БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар ин маврид метавон гуфт, ки тамаддунҳо низ замони рушду инҳитот дошта, бархе аз онҳо бинобар ҳаводиси таърихӣ мемиранд. Аммо инҷо ҳадаф аз баррасии тамаддунҳо ҳувиятҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад, чунки барои баррасии вижагиҳои ҳувияти фарҳангии марбут ба ҷомеаҳои муосир таҳқиқи тамаддунҳо низ аз мақсадҳои асосӣ мебошад.
Ҷаҳонӣ шудан иқдоми амалии назарияи ҷанги тамаддунҳои Сэмюэл Ҳантингтон аст, ки ӯ тамаддуну фарҳанги Ғарбро ягона тамаддуни ҳақиқӣ меҳисобад ва хоҳони пирӯзии бечунучарои он бар дигар тамаддунҳост.
Ҳантингтон вижагиҳои тамаддуни Ғарбро дар таҳаммулгароӣ, озодбаёнӣ, инсонӣ будан мебинад ва дигар тамаддунҳоро дар ҳалли мушкилоти башарият баставу ноком ва худраъю худсар муаррифӣ мекунад. Ин ҷомеашинос, ки тамаддуни Ғарбро мероси Юнон, протестантизм, Ренессанс ва забонҳои аврупоӣ медонад, натиҷа мегирад, ки ин тамаддун арзишҳоеро, аз ҷумлаи ҳокимияти қонун, озодибаёнии иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар доро мебошад, ки дар дигар тамаддунҳо аз ин арзишҳо хабаре нест.
Мушкилоти ҳувияти миллӣ бори аввал дар Юнони Қадим ба миён омад. Маҳз дар он ҷо принсипи лингвистӣ ва фарҳангии худшиносӣ таҳия шудааст: ҳар касе, ки забони юнониро медонад, эллинӣ аст ва касе, ки бо забони дигар гап мезанад ва урфу одатҳои гуногунро риоя мекунад, ваҳшӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё