БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

тақвият бахшид. Дар воқеъ, постмодернизм бозтоби назарии яктарафаи буҳрони ҳувиятҳо дар замони муосир аст. Мудерн ва постмудерн вижагии ҷудонопазир аз ҷомеа ва фарҳанги Аврупост ва алҳол дар мафҳумоти фалсафӣ ва ҷомеашиносӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Файласуфи фаронсавии садаи XX Жак Франсуа Лиотар дар таълифоти хеш таҳти унвони “Авзои постмодерн” муосириятро чунин тасвир кардааст: “Мавзуи ин таҳқиқ вазъияти дониш дар пешрафтатарин ҷомеаҳои имрӯзӣ аст.
Тасмим гирифтем онро “постмодерн” биномем.
Ин вожа дар қораи Амрико аз қалами ҷомеашиносон ва мунаққидон мутаваллид шуд.
Баёнгари вазъияти фарҳанг пас аз дигаргуниҳоест, ки қавоиди бозӣ дар илм, адабиёт ва ҳунар дар поёни қарни XIX таҳаммул ёфтанд. Дар инҷо мо ин таҳавуллотро дар робита бо буҳрони достоннависӣ дар назар хоҳем гирифт”91.
Илова бар ин, фалсафаи постмодернизм бозтоби бадбинонаи буҳрони ҳувияти анъанавӣ ва гуманизми классикӣ мебошад. Постмодернизм вокунише алайҳи буҳрони ҳувияти фарҳангӣ дар ҳоли тавсеаёбист. Ба ибораи дигар, постмодернизм фалсафаи гуногунандеши навоваронаест, ки воқеияти ниҳоӣ барои ӯ ваҳдат буда наметавонад, чунки он тамоиз асту бас. Дар
Лиотар Ж. Состояние постмодерна, - М.: Алетейя, 1998, - с. 9.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё