Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ҳеҷ сурат ҳувият нест, балки теъдоди ҳангуфти парокандагиро илқо хоҳад кард. Монанди консепсияҳои “тамаддун” ва “ҳамгироӣ” ва бисёре дигар мафҳумҳои калидӣ дар давраи таърихи мудерн идеяи “универсализатсия” ибрози умедворӣ ва қасду азми росих барои барқарории назмеро дошт, ки дар замони гузашта фарогири ҷомеаҳо буд, аммо идеяи ҷаҳонишавӣ бо зуҳури потенсиали манбаҳои давлатҳо ва баландпарвозиҳои ақли муосир мутаваллид шуду оқибат масоибе барои инсон ва ҷомеа ба бор овард. Ба қавли Пъер Нора:
“Истилоҳи ҳувият як вожагунаест маънавӣ ва мушобеҳ ба он чӣ ки бо вожаи “таърих” иттифоқ уфтодааст, аз як мафҳуми фардӣ ба як мафҳуми ҷамъӣ табдил шуд. Ҳувият як фардро мунҳасир ба фард будани худ мушаххас мекунад”92.
Барои постмодернизм ҳеҷ пешрафте наметавонад матраҳ шавад ва аҳамият пайдо кунад. Ҳама чиз нисбӣ аст. Дониши мо натиҷаи забони машруту тамрини иҷтимоист. Ин сохторҳои забонӣ бо ҳеҷ вазъияти мустақил марбут нестанд ва амали иҷтимоӣ ҳамеша маҳдуд ба ашколи маҳали ҳастӣ аст. Зеҳни башар наметавонад на танҳо ба ҳақиқат, балки ба ҷаҳонӣ будан низ тазоҳур кунад. Вижагиҳои муҳити вазъияти постмодерн ин аст, ки усулан

Нора П. Мест памяти, СПБ, 1999, - с. 19.

пешина
аз 303
навбатӣ