ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Манзурам ин буд, ки дар сатҳи сиёсати давлат дар мо ҷараёни салафия мамнўъ шуд.
Ба он хотир ки дар масҷидҳо вақте мардум рафта фаризаҳои диниро иҷро мекарданд, намояндагони салафия ба таври хос баъзе рукнҳои намозхониро иҷро мекарданд ва ин боиси нороҳатии шадиди мардуми мо мегашт. Ҳамон вақт гуфта будам, дуруст, мо манъ кардем, лекин ҳангоми суханронӣ нисбат ба бархе аз ҷараёнҳо, мисли салафия, ки дар Арабистони Саудӣ ин мазҳаби расмӣ ҳаст, суханҳои қабеҳу таҳқирро раво набинем. Пушти ин суханҳо ягон ишора ва ё дигар шудани сиёсат набуд, фақат назари шахсии ман буд, ки умуман дар мавриди эътиқоди мардум нисбат ба арзишҳои динӣ суханронӣ мекунем, бояд бо эҳтиёт рафтор кунем.
- Мунтақидони ҳизби Шумо мегўянд, соҳибони курсиҳо пеш аз пеш мушаххас ҳастанд ва баргузор кардани интихобот танҳо намоишнома барои ҷомеаи байналмилалӣ аст, Шумо ин гуна интиқодҳоро қабул доред?
- Ин суханҳое, ки ҳамкорони сиёсии мо мегўянд, таҳқири сахт нисбат ба мардуми Тоҷикистон аст, бисёр беэҳтиромӣ нисбат ба халқи тоҷик аст. Сухани зиште гуфтанӣ нестам, аммо ин ҳарфҳо мисли онест, ки гуштигире ба майдон набаромада, мегўяд, «судя» (довар)-ро харидаанд ва ё ҳарифаш бо пул ҳамаро тарафи худ кардаасту ман бо ў дигар мубориза намекунам. Ин ҳолатест, ки пеш аз пеш мағлубияти худро саҳнасозӣ мекунанд, то худро на мағлуб, балки мазлум нишон диҳанд. Одоби сиёсиро бояд нигаҳ дошт ва пеш аз пеш чунин изҳороте, ки шаъни миллати моро паст мезанад, надиҳем.
- Шояд бори аввал аст, ки бо матбуот чунин як суҳбат анҷом медиҳед. Шумо даҳсолаҳо аз кормандони наздик ба раисиҷумҳур будед, аммо ҳамеша дар соя мондед, ҳатто вақтҳое, ки кори Шумо ба матбуот ва ташкилоти ҷамъиятӣ марбут буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё