Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Манзур аз суоли боло ин буд, намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ бар ин назаранд, ки ҳукумат барои Шумо шароити хос фароҳам кардааст.
  • Ҳавзаҳои интихоботӣ барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ нақшаи муайян тартиб додааст ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ шароит фароҳам меорад. Ин тараф аз худи ҳизб вобаста аст, ки то куҷо қобилияти ташкилотчигӣ дорад, ки мардумро ҷамъ оварад. Намехоҳам ба шаъни дигар ҳизбҳо бирасам, аммо воқеият ин аст, ки аксаран қобилияти ҷамъ кардани интихобкунандагонро надоранд. Ҳатто то ҷое медонем, ҳизби наҳзате, ки даъвои доштани ҳазорон тарафдорро мекунад, дар вохўриҳояшон аз 10 то 15 нафар ҷамъ мешаванд, дар баъзе минтақаҳо умуман ҷамъ намешаванд. Тавре хабарҳо нашр шуд, ҳатто дар вилояти Суғд мардум раҳбари ҳизби сиёсии онҳоро барои суҳбат қабул накардаанд. Дар наворҳои нашршуда дида мешуд, сокинон онҳоро ҳамчун гунаҳкори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо ва гунаҳкори паҳнкунандаи идеологияе, ки имрўз ҷавонони моро ба кишварҳое мисли Сурияву Ироқ то як андоза талқин мекунаду онҳо он ҷо ҳалок мешаванд, қабул кардаанд. Ҳодисаҳое, ки дар Ироқу Сурия рух медиҳанд, мисли зинда оташ задани халабони урдунӣ, буридани даҳҳо насронии Миср аз ҷониби гурўҳи «Давлати исломӣ», буридани сари садҳо гаравгони дигар, албатта, ҳамаи ин таъсири худро ба ҷомеаи мо мерасонад ва назари ҷомеа ҳам дар мавриди ҳаракату ҳизбҳое, ки бо истифода аз номи Ислом амал мекунанд, тағйир меёбад.
  • Аммо Шумо боре дар як нишаст гуфта будед, ки салафия идеологияи расмии Арабистони Саудӣ аст ва Тоҷикистон намояндагони онро таъқиб намекунад. Фикр мекунед, он изҳорот иштибоҳ буд?
  • Ин гуфтаҳо дар Шўрои ҷамъиятӣ буд, дар мавзўи «Муносибати давлат ба дин».
пешина
аз 601
навбатӣ