ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЧаро?
- Вақте ба симати ёрдамчии Роҳбари давлат будам, ба симати мудири котибот будам ва вақте ба ҳайси мушовири давлатии Президент будам, Шумо медонед, ки як этикаи корманди хизматчии давлатӣ ҳаст. Аз рўи он вазифаҳое, ки дар назди мо гузошта шуда буд, мо фаъолияти Роҳбари давлатро таъмин мекардем ва тамоми фаъолияти мо ба он нигаронида шуда буд, ки он вазифаҳои конститутсионие, ки дар назди Роҳбари давлати мо истодааст, дар иҷрои онҳо ба мисли ҳар ниҳоди дигари давлатӣ бояд саҳми худро дошта бошем. Мушовири давлатӣ будам, дар Шўрои ҷамъиятӣ иштирок ва баромад мекардам. Баъзан вақт дар рўзномаҳо ҳам мақолаҳоям дарҷ мешуданд, вале ҳизб хусусияти дигар дорад ва аз рўи тақозои вазифа бояд бо мардум алоқаи зичтар тариқи Ваосити ахбори омма дошта бошам.
- Шумо ҳам дар як навишта Президенти кишварро ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ мисли Авраам Линколн баробар дониста будед. Ин муқоиса бар чӣ асосе сурат гирифта буд?
- Беҳуда Роҳбари давлатро ба Авраам Линколн, ба Шарли де Гол баробар накардаам. Ин тамаллуқу хушомадгўӣ нест, зеро вобаста ба таърихи миллат, вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ ҳар як миллат шахсиятҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Масштаб, албатта, гуногун аст, ҷуғрофиё гуногун аст, лекин принсипҳо як аст. Масалан, Авраам Линколн барои чӣ дар Амрико ба ҳайси як президенти маҳбуб боқӣ монд. Барои он ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ягонагӣ, якпорчагии кишварро нигоҳ дошт.
Бубинед, имрўз тамоми муаррихон, тамоми таҳлилгарон эътироф мекунанд, ки бузургтарин хидмати Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ин нигоҳ доштани кишвари Тоҷикистон аст. Аз ин рў, муқоиса кардани президенти кишвар бо чунин шахсиятҳои таърихӣ мантиқӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё