Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Собиқаи тўлонии ҳамкорӣ бо Президенти кишварро доред. Дар бораи ин ҳамкорӣ чӣ гуфта метавонед?
  • Он чизе, ки бароям таъсири амиқ мегузорад, мардумдўст будани Президенти кишвар аст. Ҳамчун инсони одӣ одами раҳмдил ҳастанд. Аммо сиёсат дигар аст. Масалан, Шумо баромади машварати охирини Шўрои амниятро дида бошед, то чӣ андоза Президенти кишвар нисбат ба коррупсионерон ва решакан кардани ин падида сахтгирона суҳбат карданд, яъне раҳмдилӣ нисбат ба коррупсионер бераҳмӣ нисбат ба халқи худ аст. Ҳамчун одаме, ки аз наздик бо Ҷаноби олӣ кор кардам, рости гап, масштаби шахсияти ў то охир баҳо дода нашудааст. Ў шахсе ҳаст, ки тамоми вуҷудаш барои миллати худ бахшида шудааст.
    Ў ду ҷониберо, ки ба хуни ҳамдигар ташна буданд, оштӣ дод, гурезагонро ба ватан баргардонд, субот дар ҷомеаро пойдор кард. Фақат ҳамин кофист, ки мо Ҷаноби олиро ҳамчун падари миллат эътироф кунем.
  • Агар Шумо дар оянда мемуар ё китоби хотирот бинависед, кадом мақомдорон ба мемуарҳои Шумо ворид хоҳанд шуд?
  • Ростӣ, китоби хотирот навиштанӣ нестам. Китоби хотиротро бояд шахсиятҳое нависанд, ки барои ин миллат корҳои бузургеро анҷом додаанд. Худро чунин шахсият намеҳисобам. Лекин то андозае, ки тавонистам, дар корҳои илмии худам сабабҳои низои ҷанги шаҳрвандиро ошкор хоҳам кард, ба хотире, ки ин як дарс барои наслҳои оянда шавад, то бидонанд, ки аз сари миллати мо чӣ гузашт ва он такрор нашавад. Дар мақолаҳои илмии худ мо бояд то як андоза ба мардум ҳушдор диҳем. Албатта, ҷамъият бе камбудӣ нест ва ҳар шахсу гурўҳҳои иҷтимоӣ манфиати худро дорад, лекин ҳамеша мо бояд арзишҳои болотаре дошта бошем, ки дар ин ҳолат аз арзишҳои хусусӣ даст кашем. Мо суботи сиёсӣ, оромӣ дошта бошем, иқтисодиётамон ҳатман пешрафт хоҳад кард.
пешина
аз 601
навбатӣ