ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳодисаҳои Украина бармало нишон дод, ки суботи сиёсӣ набошад, кишвар ба чӣ табдил меёбад.
Душанбе феврали с. 2015
ҲАЗОР ПАЁМИ СОЗАНДА
Мо дар марҳилае ҳаёт ба сар мебарем, ки дар ташаккул ва танзими афкори ҷомеа, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва фарҳангии он васоити ахбори омма нақши калидӣ дорад. ВАО-ро бесабаб «ҳокимияти чаҳорум» наменоманд.
Пўшида нест, ки дар замони муосир, касе ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад, бартарияти ў назди дигарон ба хубӣ эҳсос мешавад. Касе, ки иттилоотро идора мекунад, имкон дорад, ки ба афкори ҷомеа низ таъсир расонад.
Бо пайдоиши хат, ки баъдтар ба арзи вуҷуд намудани нахустин дастгоҳҳои чопӣ замина гузошт, имконияти муоширати инсон ва табодули иттилоот дар ҷомеа ба таври хеле васеъ фароҳам омад.
Дар натиҷаи чунин таҳаввулоти густурда матбуот ба вуҷуд омад, ки дастрасии иттилоотро барои омма хеле осон кард. Яке аз хусусиятҳои умдаи матбуот ин буд, ки ба хонандагони худ таъсири бесобиқа дошт. Баъдтар бо пайдо шудани технологияҳои нави иттилоотӣ ва воситаҳои муосири ахбори омма ин навъи таъсиррасонӣ тақвияти бештаре пайдо кард.
Имрўз ВАО аз сарчашмаҳои асосии хабаррасонӣ ва дар натиҷа воситаҳои муҳими идораи афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Феълан ВАО имкон дорад, ки ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, таърих таъсир расонад. Шояд ҳамин хусусияти ВАО аст, ки гоҳо он барои таҳрифи воқеият, муташанниҷ сохтани авзои ҷомеа истифода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё