ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Таърих шоҳиди далелҳои зиёд аст, ки дар натиҷаи паҳн кардани иттилои бардурўғ ва таҳрифшуда кишварҳо ва минтақаҳо ба ҷангу хушунат кашида шуданд, бузургтарин бонкҳову ширкатҳо муфлис гардиданд, ки дар натиҷа ба заиф шудани низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва бекор мондану муҳоҷир шудани миллионҳо нафар оварда расонид. Боиси таассуф аст, ки истифодаи муғризона аз дастгоҳҳои иттилоотӣ дар гузаштаи на чандон дур, яъне солҳои навадуми қарни гузашта ба вазъи сиёсии кишвари мо низ таъсир расонд, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ, инқирози пояҳои давлатдорӣ ва ҳалокати садҳо нафар шаҳрвандон гардид. Аз ин лиҳоз ҳам хеле муҳим аст, ки ВАО ҳамчун воситаи паҳнкунии иттилоот бояд дар дасти қувваҳои солим ва ватандўст бошад.
Инчунин нодида гирифтани хизмати ВАО ҷиҳати истиқрори сулҳ, таҳкими пояҳои ваҳдат ва оштии миллӣ дар кишвари мо аз рўи инсоф нест. Бо кўшишу талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар фазои мусоиди иттилоотӣ фароҳам оварда шуд. Амнияти иттилоотии мамлакат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае буд, ки бояд ҷомеаи моро аз таъсири ҳуҷуми иттилоотии беруна, ки ҳадафмандона ҷиҳати ноором кардани фазои сиёсӣ роҳандозӣ мешуд, ҳимоя мекард. Ҳафтаномаи «Минбари халқ», нашрияи марказии Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло ҲХДТ), ки имрўз ҳазорумин шумораи он нашр мешавад, дар ҳамин солҳои ноором ва тақдирсоз арзи вуҷуд намуд, то паёми сулҳу ваҳдатро ба мардуми кишвар расонад.
Ҳафтаномаи «Минбари халқ» гарчанде, ки дар оғоз бо теъдоди хеле маҳдуд нашр мешуд, аз шумораҳои нахустин рисолати таблиғи ғояҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инъикоси воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро ба дўш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё