Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамин рисолати созанда буд, ки ҳафтаномаи мазкур дар ҷомеа аз маҳбубияти хос бархурдор гардид ва имрўз ба яке аз рўзномаҳои сертиражтарини кишвар табдил ёфтааст.
Вале мо бояд фаромўш накунем, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои муосир, ба хусус технологияи иттилоотӣ бояд ҳамқадам бо замона бошем. Бахши иттилоотии ҳизбро бо истифода аз технологияҳои муосир тақвият диҳем. Дар ин замина вазифа ва ҳадафҳои ҳафтаномаи мо низ бояд мутобиқ ба раванди сиёсии ҷаҳон ва таҳаввулоти ҷомеаи муосир бошад. Дар замони рушди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки фазои иттилоотӣ тамоми сарҳадҳоро убур кардааст, матбуоти миллӣ бояд дар таъмини амният ва ҳимояи фазои иттилоотии кишвар қадамҳои устувор гузорад.
Имрўз тасаввур кардани самтҳои гуногунҷанбаи ҳаёти ҷомеа бидуни муносибатҳои иттилоотӣ, бидуни дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ғайриимкон аст. Новобаста аз он, ки солҳои охир дар ҷаҳон рушди бемайлони технологияҳои компютерӣ ба назар мерасад, нақши матбуот ба ҳайси як сарчашмаи муътамад дар паҳн кардани иттилооти босифат ва воқеӣ хеле муҳим ва назаррас боқӣ мемонад.
Ҷои баҳс нест, ки бо пайдо шудани шабакаҳои интернетӣ, дастрасии ҷомеа ба иттилоот нисбатан соддаву осон гардидааст. Вале на ҳамеша ба саҳеҳият ва дурустии ахбороти интернетӣ кафолат дода мешавад. Дар замони муосир интернет на танҳо ба сифати як майдони бузурги иттилоотӣ, балки ба ҳайси дастгоҳи муқтадири таблиғотӣ низ истифода мешавад, ки манфиатҳои муғризонаи геополитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодии гурўҳҳо ва корпоратсияҳои алоҳидаро ҳимоя мекунад. Вобаста ба ин вазифа ва ҳадафҳои журналистикаи касбӣ, матбуоти миллӣ аз ҷумла ҳафтаномаи «Минбари халқ» бояд ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳама гуна таҳдидҳои беруна, хабарҳои иғвобарангез ва таъмини ҷомеа бо иттилооти дурусту саҳеҳ бошад, ки ҳадафҳои олии он ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва инчунин мусоидат ба рушди иқтисодиёт, илм, технология ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим аст.

пешина
аз 601
навбатӣ