ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Матбуот, бахусус рўзнома дорои хусусиятҳои хос ва аз дигар воситаҳои ахбори омма фарқунанда аст. Маводи рўзнома маҳсули фаъолияти маънавӣ аст, ки бо мақсади таъсир расонидан ба афкори инсон, гуруҳи муштариён ва ё дар маҷмуъ ҷомеа, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва гирифтани тасмимҳои дурусти инсон дар муҳите, ки зиндагӣ дорад, равона шудааст. Рўзнома воситаест, ки талаботи инсонро ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот, муошират ва ғанӣ гардонидани донишу маърифати он қонеъ месозад. Бо дар назардошти ин муҳим будани таъсири матбуотро ба ҷомеа дарк намуда, рўзноманигорон вазифадоранд, ки ба муштариёни худ ҳаддалимкон ахбороти саҳеҳ ва воқеиро пешниҳод намоянд. Онҳо бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд, ки тақдири инсон, оромии ҷомеа ва ҳатто муносибати давлатҳову миллатҳо аз маҳсули қалами онҳо вобаста аст. Бояд манфиатҳои миллӣ ва давлатиро аз ҳар гуна манфиатҳои гурўҳиву шахсӣ боло гузоранд.
Таҳаввулоти солҳои охир дар арсаи байналмилалӣ собит намуданд, ки баъзе кишварҳо ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геополитикии худ аз технологияҳои нави иттилоотӣ самаранок истифода мебаранд. Ҳодисаҳои «баҳори араб» далели қотеи ин гуфтаҳо буда метавонанд. Дар як давраи хеле кўтоҳи таърихӣ таҳрифи воқеият ва таҳрики мардум ба ошўбу инқилоб, боиси он гардид, ки пояҳои суннатии давлатдорӣ дар кишварҳои араб мисли Ироқ, Либия, Миср, Сурия ба шикаст мувоҷеҳ шуда, садҳо ҳазор нафар аҳолии ин кишварҳо қурбони псевдоиделогияи демократӣ гарданд. Яке аз иллатҳои асосии инқирози ин давлатҳо заъфи амнияти иттилоотӣ буд, ки алайҳи таҳмили ақида ва идеологияи ғайр муқовимат карда натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё