ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вобаста ба таҳаввулоти солҳои ахир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гумон мекунам рисолати имрўзаи матбуот, аз ҷумла нашрияҳои ҳизбии мо дар он аст, ки дар баробари инъикоси ҳаёти воқеии дохили кишвар, дастовард ва камбудиҳои ҳизбӣ, нашри матолиби таҳлиливу танқидӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, шарҳи воқеаву ҳодисаҳои минтақавию байналмилалӣ ва ба ин васила ба мардум расонидани ахбороти саҳеҳу дуруст, фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд. Дар ободиву амнияти Ватани азизамон, инъикоси иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат ва Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва ислоҳоти камбудиҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд Имрўз шумораи ҳазорумини нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» нашр мешавад. Нахустин шумораи ин ҳафтанома моҳи сентябри соли 1996 чоп шуда, то имрўз роҳи пурпечутоб ва на ҳамеша ҳамворро тай намудааст. Вале як чиз муҳаққақ аст, ки тули фаъолияти худ ҳафтанома бо сабку усули ба худ хос ба мактаби бузурге табдил ёфт, ки дар он наслҳои мухталифи журналистони касбӣ ба камол расиданд. Дар арафаи нашри ҳазорумин шумораи ҳафтанома, ки воқеан ҳам ҳодисаи фараҳбахш аст, ба мо имконият даст дод, ки идораи нашрияро таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, барои ҳайати эҷодии он шароити мусоид фароҳам орем. Нашри ҳазорумин шумораи ҳафтаномаро ба ҳайати эҷодӣ ва хонандагони доимии он табрик гуфта, итминон дорем, ки ин навгониҳо ба фаъолияти самарабахши ҳайати эҷодии ҳафтанома ва сифатан беҳтар шудани шумораҳои минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Душанбе, майи с. 2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё