Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

МО МУҚОБИЛИ ИСЛОМИ РАДИКАЛӢ
ВА АТЕИЗМИ ҶАНГОВАР ҲАСТЕМ

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқ мушовири давлатии Президент Саидмурод Фаттоҳзода зимни як мусоҳиба бо мухбири нашрияи «Азия плюс» дар бораи сиёсишавии ислом ва оқибатҳои он, дигаргуниҳои назариёти Нурӣ, ришу ҳиҷоб, хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим, қумондони собиқи ОМОН ва дигар масъалаҳои муҳими рўз ибрози назар намуд.

  • Қариб як сол мешавад, ки шумо дар ин мақом фаъолият доред. Оё дар ин давра дар кори ҳизб ягон тағйирот ба амал омад? Оё ягон пешрафти қобили мулоҳиза ба мушоҳида мерасад?
    -Дар ин маврид пешрафтҳои мо агар гўем, ки қобили мулоҳизаанд, иштибоҳ намешавад. Чуноне ки хонандаи арҷманд огаҳӣ дорад, ба таърихи 13 декабри соли 2014 ҳизби мо Анҷумани навбатии XII худро доир намуд. Дар он бештар аз 1200 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Рўйдоди муҳими Анҷумани мазкур суханронии пешвои ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ў барои беҳдошти фаъолияти ҳизб дар ҳамаи зинаҳо дар назди кулли ҳизбиён вазифаҳои мушаххас гузошт.
    Дар маърўза ҳамзамон таъкид гардид, ки тамоми кўшишу ғайрати ҳизб, фраксия, гурўҳҳои он дар парламент ва маҷлисҳои минтақавӣ бояд ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии сокинони мамлакат равона карда шавад.
    Дар Анҷуман корҳои анҷомдодашуда ҳамаҷониба таҳлил гардида, барои фаъолияти самараноки минбаъда такони нав дода шуд.
    Ман ба сифати Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар ин марҳила бо дастури Раиси муаззами ҳизб бо командаи нав корҳои анҷомёфтаро аз нав дида баромада, бо назардошти воқеияти кунунӣ дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузоштем.
пешина
аз 601
навбатӣ