Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ҳамин замина имкониятҳои худро барои муваффақона гузарондани интихобот сафарбар намуда, дар муборизаи рақобатнок ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштем.
ҲХДТ на танҳо дар парлумон аксарияти курсиҳоро соҳиб гашт, балки дар тамоми маҷлисҳои маҳаллӣ бештарини ҷойҳоро ба даст овард.
Ҳамчунин мо ба он ноил гаштем, ки фаъолияти ҳизбамон расонаӣ ва оммавӣ гардад. Робитаҳои мо бо матбуот хеле қавӣ гашт. Дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбамон аз бисёр муқаррароти кўҳнашуда ва технологияҳои қолабӣ даст кашидем.
-Ба кори ҳизб дар миёни мардум чӣ гуна баҳо медиҳед?
Оё камбудиҳое низ ҷой доранд, ки онҳоро мебояд ислоҳ кард?
-Барои ҳар кадом ҳизб маҳаки асосии баҳо додан ин боварии халқ аст. Дар интихоботи гузашта маҳз ҳамин меъёр, яъне боварии халқ ба мо имкон дод, ки ба пирўзӣ бирасем. Албатта, ин боиси хурсандӣ аст, вале набояд аз чунин комёбӣ хотирҷамъ гардем. Гузашта аз ин набояд аз камбудиҳо чашм пўшем. Дар ҳама давру замон ҳизби ҳоким объекти интиқоди шаддиди мухолифон буд. Мо инро ба таври муқаррарӣ қабул мекунем, зеро ки ҳама гуна танқиди беғараз ва одилона омилҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти худ аз паҳлу баҳо диҳӣ. Рақобати сиёсии солим ҳизбро бештар қавӣ мегардонад. Аммо мутаассифона, на ҳама вақт танқид одилона, балки баъзан аз рўи ғараз сурат мегирад.
Мо чунин меҳисобем, ки маҳз муколамаи мустақим бо мардум имкон медиҳад, ки ҳама гуна мушкилоту проблемаҳо ба таври самаранок ҳаллу фасл гардад. Бинобар ин мо ният дорем, ки корро бо ташкилотҳои ибтидоӣ пурзўр намоем, зеро ки онҳо мустақиман бо мардум сару кор доранд. Мо сафҳои ҳизбро тақвият мебахшем, бо гуруҳҳои ҳизбиамон дар маҷлисҳои маҳаллӣ корро вусъат мебахшем, ҷобаҷогузории кадрҳоро бознигарӣ мекунем, аъзои навро ба сафҳоямон ҷалб менамоем ва бо ҷомеаҳои маҳаллӣ фаъолона кор мебарем.

пешина
аз 601
навбатӣ