ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
-Бо вуҷуди ин нозирони байналмилалӣ натиҷаҳои интихоботи парламентии гузаштаро танқид карданд, коршиносони маҳаллӣ низ аз он эрод гирифтанд. Шумо ба танқиди онҳо чӣ посух медиҳед?
-Ман фаъолияти нозирони байналмилалиро муҳокима карданӣ нестам, аммо, мутаассифона, бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки солҳои охир дар таҷрибаи мушоҳидони байналхалқӣ кишварҳоро ба «қулай» ва «ноқулай» тақсим мекунанд. Гузориши онҳоро дар мавриди интихоботи баъзе ҷумҳуриҳо хонда, баъзан беихтиёр ба чунин хулоса меоӣ, ки онҳо дар ҷое хасакеро мебинанду дар ҷои дигар ҳатто кунда аз назарашон дур мемонад. Масалан, дар Афғонистон, ки баъзе вилоятҳояш таҳти тасарруфи гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қарор дораду, баргузории интихоботи каму беш демократӣ аз аввал зери суол аст, онро нозирони байналмилалӣ демократӣ ҳисоб мекунанд. Яъне, ҳамааш ба қавле «дар доираи қонун» аст. Лекин дар Қазоқистону Белорус, ки роҳбаронашон дар миёни мардум маҳбубият доранд, гўё ҳуқуқи интихобкунандаҳоро вайрон мекунанд.
Тааҷҷубовар нест, ки интихоботи моро низ баъзе нозирони байналмилалӣ танқид карданд. Мояи ҳайрат он аст, ки онҳо дастовардҳои солҳои охири моро дар бахши демократисозии ниҳодҳои ҷамъиятӣ намебинанд.
Агар авзои солҳои охирро бодиққат таҳлил кунем, ба дурустӣ дарк мекунем, ки мақомоти қонунгузор барои демократикунонии ҷомеа ва шаффофияти интихобот дар кишвар ба иқдомҳои ҷиддӣ даст задаанд. Интихоботҳои охири мо барои ташаккули аҳзоби ҳақиқӣ ва таҷаддуди сохтору фарҳанги иттиҳодияҳои сиёсии нав саҳнаи муносибе буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё