ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Фикр мекунам, инро на танҳо аҳолӣ, ки интихобкунандаҳои асосии мо ҳастанд, мушоҳида намуданд, балки нозирони байналмилалӣ ва коршиносон ҳам бо чашми худ воқеияти онро диданд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки баъди эълони натиҷаҳои интихоботи ахири мо дар муқоиса ба маъракаҳои гузашта аз ҷониби мухолифон эродҳои ҷиддӣ ироа нашуд.
-Ба ҳар сурат суоле пайдо мешавад, ки чӣ гуна аҳзобе, ки дар бораашон чизе шунида намешуд, монеаи панҷфоизаро гузаштанд?
-Тайи солҳои охир ҷаҳон бо суръат тағйир хўрда истодааст ва табиист, ки назару андешаҳои сиёсӣ дар бисёр кишварҳо вобаста ба авзоъ низ дигар мешаванд. Ин раванди муътадил аст. Дар олами имрўза мо мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна баъзе аҳзоби анъанавӣ маъруфияти худро аз даст дода, баръакс, нерўҳои нави камнуфуз бошад, босуръат мавқеъ пайдо мекунанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо метавонад, интихоботи ахири Парлумони Аврупо бошад, ки бидуни интизори ҷонибдорон ва коршиносон аҳзоби ба ном «евроскептик»-ҳо (мухолифони иттиҳоди аврупо) якбора дар миёни мардум машҳур шуданд.
Тоҷикистони мо ҳам дар ин маврид истисно нест. Дар мо низ чунин авзоъ ба назар мерасад. Яъне, бахше аз электорат ақидаҳояшонро дигар карда истодаанд. Дар ин ҷо мо бояд ба далелҳо руҷуъ намоем. Агар дар мавриди Ҳизби аграрӣ, ки ба қавли шумо «дар борааш амалан чизе шунида намешуд», мулоим карда гўем, нодуруст аст. Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки дар миёни мардум бахше набошад, ки ислоҳоти аграриро напазирад.
Дар ҷомеаи мо одамони зиёде ҳастанд, ки ғояҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро низ ҷонибдорӣ мекунанд.
Аз ҷониби дигар аҳзобе, ки дар гузашта обрў доштанду ба таври анъанавӣ дар парлумон курсиҳоро соҳиб мешуданд, вақтҳои охир бинобар камфаъолиятӣ дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ натавонистанд садди панҷфоизаро убур кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё