Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бинобар ин ҷои онҳоро аҳзоби нисбатан фаъол, рақобатпазир бо назариёту барномаҳои нав ишғол намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳукумат онҳоро ба канораҳои саҳнаҳои сиёсӣ набурдааст, балки худи мардум дигар нахостанд, ки онҳоро дар бинои парламент бинанд. Гузашта аз ин низоми ҳозираи сиёсӣ аз нуқтаи назари интихобу рақобатнокии аҳзоби сиёсӣ ба шакли дуруст фаъолият дорад. Фикр мекунам, дар мамлакат нерўҳои муътадили лозимии мухолиф ҳастанд, ки дар парлумон бахши мардумро намояндагӣ кунанд.
-«Ин аҳзоб» гуфта, шумо ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби коммунистиро дар назар доред?
-Дар бораи ҲНИТ ман дар мақолаи худ бо номи «Интихоби мо чӣ маъно дорад?», ки дар ВАО чоп шуд, навишта будам. Дар он сухан дар бораи идеологияи коммунистӣ ва исломӣ мерафт, ки моҳиятан ҳарду идеологияи томгаро мебошанд. Онҳо дигарандеширо гўши шунидан надоранд. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ниҳояти асри гузашта дар Тоҷикистон ин ҷанги ду идеология-коммунистӣ ва исломи сиёсӣ мебошад. Муқовимати ин ду идеология ба фалаҷ гаштани сохторҳои давлатӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ овард.
-Аз он давра вақти зиёде гузашт ва аҳзоби сиёсӣ ба таври мусолиматомез фаъолият доштанд. Имрўз чӣ гап гузашт?
-Ба гумонам, агар ҳоло Саид Абдуллои Нурӣ мебуд, ҳизби исломӣ дар чунин вазъият намеафтод. Аммо далеле, ки дар соли 2010 ҲНИТ фаъолияташро дар Шўрои ҷамъиятӣ манъ кард, ин занги аввали худи наҳзатиҳо буд, ки худро аз ҳамзистии мусолиматомез канора гирифт. Зеро ки маҳз Шўрои ҷамъиятӣ барои нигоҳдории сулҳу субот дар мамлакат масъулият дорад.

пешина
аз 601
навбатӣ