Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Инкишофи минбаъдаи воқеаҳо ва натиҷаҳои пешакии тафтишот нишон доданд, ки доираҳои муайян ва роҳбарияти ин ҳизб дар кўшиши табаддулоти давлатӣ даст доштаанд.
Бинобар ин ман чунин меҳисобам, аҳзобе, ки дар заминаи исломи сиёсӣ ташкил шудаанд, дар ниҳоят аз тактики террор кор мегиранд. Барои мисол «Бародарони мусулмон» -и Мисрро гирем, ки баъди ба сари ҳокимият омаданаш мардум ҳис кард, ки онҳо дар мавриди роҳандозии ислоҳоти демократию иқтисодӣ омода нестанд. Дар натиҷа артиш ташаббусро ба дасти худ гирифт. Он чизе, ки имрўз дар Сурия мегузарад низ натиҷаи сиёсисозии ислом мебошад. Бинобар ин ба андешаи ман танҳо давлати дунявӣ қодир аст, ки ин идеологияҳо, аз ҷумла исломиро ба мусолиҳа биёрад. Бояд мо мухолифи идеологияи радикалии ислом ва атеизми ҷанговар бошем.
-Яъне, лозим аст, ки ба Конститутсия дар бораи мавҷудияти ду идеология - динию атеистӣ тағйирот ворид гардад?
Зимнан, дар ин бора имомхатибони ҷумҳурӣ дар намози рўзи ҷумъаи худ ибрози андеша карданд...
-Ман мехоҳам, ин фикри худро асоснок намоям, ки барои чӣ мо мухолифи исломи сиёсӣ ва атеизми ҷанговар бошем? Дар ин ҷо пешниҳодҳои имомхатибони минтақаи Рашт ва назари мулло Абдураҳимро, ки яке аз асосгузорони ҲНИТ буд, зикр намудан ба маврид аст. Дар мулоқоти Президент бо аҳли ҷамоатчигӣ дар соли 2013 суханронии ў як навъ рози дил гуфтан ва тавба буд. Ў гуфт, ки дарвоқеъ замоне, ки мо муқобили низоми коммунистӣ мубориза мебурдем, фикр мекардем, ки барои ин ҳаққи маънавӣ дорем.
Аммо вақте ки дар Афғонистон афтодем, фаҳмидем, ки масъала ва ё проблема аз он чи ки ҳаст, фаротар будааст. Дар он ҷо неруҳои дигари хосияти байналмилалӣ дошта буданд, ки гуруҳҳои террористиро маблағгузорӣ мекарданд ва кўшиш менамуданд, ки низому давлатҳои дунявиро барҳам зананд.

пешина
аз 601
навбатӣ