ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мо бошем, дар дасти ин доираҳо бозичае беш нестем. Ҳамон вақт ў гуфта буд, ки ислом моҳиятан ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад. Зеро ки ташкили ҳизби сиёсӣ исломро ба гурўҳҳо ҷудо мекунад. Ба фикри ман имом-хатибон беҳуда зидди сиёсисозии ислом баромад накардаанд. Воқеаҳои Шарқи Наздик ва Шимоли Африқо албатта ба табъи эътиқодмандони дин дар кишвари мо, таъсири ҷиддӣ расонд. Чунки онҳо бо чашми худ диданд, ки чӣ гуна зери шиори ислом террори рўирости аҳолӣ ва куштори даҳшатбори асримиёнагӣ сурат мегирад.
Имрўз мо дида истодаем, ки дар тамоми дунё зуҳуроти исломбадбинӣ доман паҳн карда истодааст. Бинобар ин шакли беҳтарини давлатдорӣ ба андешаи ин ҷониб давлати дунявӣ мебошад. Дар чунин давлат дин ба кори хусусӣ табдил меёбад. Ман ҳам тарафдори адами руҳоният нестам. Ба андешаи ман ислом ҳамчун таълимоти ахлоқӣ, ки талқинкунандаи принсипҳои волои ахлоқӣ мебошад, ба мардум таъсири бузург мерасонад. Чаро мо ин неруро барои тарбияи ҷавонон истифода накунем? Аммо ин бояд зиндагии хусусии ҳар шахс бошад. Чунин имкониятҳоро бояд барои намояндагони ҳамаи динҳо, на танҳо мусулмонон, балки барои масеҳиҳо ва яҳудиҳо низ фароҳам биёрем, то ки онҳо талаботи руҳонии худро қонеъ гардонанд.
- Аз ин бармеояд, ки риш мондану ҳиҷоб пўшидан кори шахсии ҳар шахс аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба ин кордор бошад?
- Оид ба ин масъала ман назари шахсии худро гуфтан мехоҳам. Дар забони русӣ чунин мақоле ҳаст: «Аблаҳро гуфтанд, ки Худоро саҷда кун, ў бошад пешониашро зада кафонд». Чуноне ки дар мо мегўянд, «Ба ҷои салла каларо оварданд». Ин гуна ҳолатҳо буданд, ҳатто дар ин маврид изҳороти ВКД ҳам интишор ёфт, ки ин амал сиёсати ғайрирасмӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё